Ҷаласаи Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуда, дуруд ва паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳаммад Боқири Қолибоф ва ҳамтоёнаш расонид.
Дар мулоқот зикр карда шуд, ки робитаҳои байнипорлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқарор шудаанд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҶИЭ «Гурӯҳи дӯстӣ»-и байнипорлумонӣ амал менамояд. Сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумонии ҳарду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парламентҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб анҷом гирифтаанд. Зимни сафари ҳайати 4-нафараи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок дар 13-умин Конференсияи Ассамблеяи парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти ҳайати тоҷикистонӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон А. Лориҷонӣ (16-17 январи соли 2018) баргузор шуда буд.
Такмили сохтмони нақби «Истиқлол» дар сархати ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Эрон қарор дошта, яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкориҳо ба шумор меравад. Баъди ба имзо расидани Қарордод «Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол» дар Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшаноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ, ки 20 январи 2021 дар Душанбе доир гардид, корҳо дар ин самт пеш мераванд ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин дар мулоқоти дуҷониба таъкид карда шуд, ки ҷониби эронӣ дар соли 2017 ду чорабинии фарҳангӣ – бузургдошти Қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва устод Бобоҷон Ғафуровро дар Теҳрон баргузор намуда, дар ин робита маҷмӯаи мақолаҳо ва суханрониҳоро низ мунташир кардааст. Дар тӯли соли 2016-2017 Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон шаш китоби бузургони адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Убайди Зокониро ба чоп расонид.
3 марти соли 2019 дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон маҳфили фарҳангии «Шоми Тоҷикистон» доир гардидааст, ки дар он китоби «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» дар бораи нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода ба хатти форсӣ рӯнамоӣ карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад. Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни ин кишварҳо дар фаъолияти худ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳад дод.








Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пагоҳ ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба ду қонун тағйиру илова ворид карда шуд
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






