«ҶАМОЛУ ЗИННАТИ ДУНЁӢ, ЭЙ ЗАН». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид

Март 2, 2021 13:18

ДУШАНБЕ 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан» ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, занони роҳбари вазорату идораҳо, мувоинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода занону духтаронро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуд.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки воқеан зан — модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.

Ба зикри  сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, “зан — модар қиматтарин ва азизтарин шахс дар зиндагӣ буда, оинаи беғубор ва сарчашмаи ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад”.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки  ташаббусҳои наҷибу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа назаррас мебошанд.  Дар раванди давлатдории миллии имрӯза, хосса таҳкими фарҳанги миллии халқи тоҷик ва барои ба зиндагии оянда сафарбар намудани насли ҷавон нақши занону модаронамон бағоят зиёд мебошад. Бахусус барои ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар онҳо саҳми модарону бонувони тоҷик баръало эҳсос мегардад.

Март 2, 2021 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид