«БО МАН ДАР МАЙДОНИ ВАРЗИШ ОДИЛОНА МУҲОРИБА КАРДАН НАХОСТАНД». Чемпиони Олимпиада оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров барои допинг ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуд

Март 19, 2021 13:36

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи ҷаҳон Дилшод Назаров барои истифодаи допинг ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти мақоми мустақили варзиши сабук «Athletics Integrity Unit» (AIU) хабар додааст.

Назаров моҳи сентябри соли 2019 бинобар ошкор шудани моддаҳои манъшуда дар санҷиши допинги ӯ, ки дар чемпионати ҷаҳонии 2011 гузаронида шуда буд, муваққатан барканор карда шуд. Пас аз баррасии парванда дар AIU, дар бораи ду сол маҳрум кардани варзишгари 38-сола қарор қабул карда шуд. Муҳлати маҳрум кардани он аз 24 сентябри соли 2019 оғоз меёбад. Натиҷаҳое, ки Назаров аз 29 августи соли 2011 то 29 августи соли 2013 ба даст овардааст, бекор карда шуданд.

Назаров дорандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии 2016 ва медали нуқраи чемпионати ҷаҳон 2015 дар гурзандозӣ мебошад. Айни замон, ӯ вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Ёдовар мешавем, ки AIU ташкилоти мустақили зидди допинг дар варзиши сабук мебошад. Онро Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) моҳи апрели соли 2017 таъсис дод ва он мустақилона аз IAAF фаъолият мекунад.

Дирӯз Дилшод Назаров ба АМИТ Ховар дар бораи айбдор шуданаш дар истифодаи допинг чунин гуфт:

«Он гунае, ки шумо огоҳӣ доред, ман дар тӯли 1,5 соли охир барои барқарор кардани шарафи номи худ мубориза бурдам. Мутаассифона, тамоми кӯшишҳои маънавию ҷисмонӣ ва молиявии ман бенатиҷа буданд, зеро ҳамаи далелҳои барои исботи бегуноҳиям, ки аз ҷониби адвокати аврупоии кирояшудаи ман пешниҳод гардиданд, пешакӣ аз ҷониби айбдоркунандагон ба тӯҳмат эътимоднок карда шуданд. Ман дар майдони муборизаи ҳалоли варзишӣ барои онҳо як рақиби пурқуввату тавоное будам, ки ба таври дуруст ва аз рӯи меъёрҳои варзишӣ бо ман рақобат кардан барояшон мушкил буд ва онҳо аз роҳи ҳалоли рақобат даст кашида, тасмим гирифтанд, ки маро ба майдони ҷангашон кашанд. Бо онҳо дар майдони худашон мубориза бурдан бошад,  ба мисли бо “осиёи бодӣ” ҷанг кардан аст, ки анҷомаш нокомӣ мебошад.

Ман намефаҳмидам, ки чаро вақте ки ман ва тими ман ҳар вақте ки ба пирӯзӣ наздик мешудем, санаи муҳокимаҳо мавқуф гузошта мешуд ва баъдан гаштаю баргашта ин саҳна такрор меёфт. Ҳеҷ намефаҳмидем, ки барои чӣ ба номаҳои мо моҳҳо посухе намерасад?

Ахиран ман қарор кардам, ки ба ин бозиҳо хотима гузорам, аммо баъд аз 2 рӯз бароям номае расид, ки ман то 24 сентябри соли 2021 аз ҳуқуқи иштирок намудан дар мусобиқаҳо барканор шудам.

Баъдан, муҳлатро ҳисоб карда, фаҳмидам, ки ҳузури ман дар Олимпиадаи Токио барояшон мувофиқ нест. Бино бар ин, то 24 сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд. Онҳо ин ҳақро аз ман гирифтанд, аммо ман мисли пешина чемпиони  Бозиҳои олмипии соли 2016 дар Рио ҳастам ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.»

Ман ба Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастаи ӯ барои дастгирӣ ва кумакҳои расонидашудаашон, инчунин  ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давраи тӯлонӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ карданд,  миннатдории самимонаи худро баён менамоям».

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 19, 2021 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад