COVID-19. Дар Тоҷикистон маъракаи эмгузаронӣ аз коронавирус оғоз гардид

Март 23, 2021 12:03

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и пойтахт маросими расмии оғози иммунизатсия (эмгузаронӣ) бар зидди бемории навъи нави коронавирус баргузор гардид. Тавре дирӯз хабар дода шуд, шурӯъ аз 22 март дар Тоҷикистон марҳилаи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ оғоз ёфт. Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расониданд.

Тибқи Қарори мазкур Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии оид ба ҳамоҳангсозии иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд. Ҳамчунин вазорат муваззаф гардид, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад.

Илова бар ин, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19-ро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда, барои иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, телевизионҳо ва радиои давлатӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма бояд барои фароҳам овардани шароити мусоид барои эмгузаронии муташаккилона ва бомуваффақият аз бемории сироятии COVID-19 дар байни кормандони соҳаҳои худ, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, бо мақсади огоҳ кардани аҳолӣ, васеъ паҳн кардани раванди эмгузаронӣ дар саросари кишвар чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вазидор гардидааст, ки дар тарғиботи муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ иштирок намояд.

 

ДАР АКС: муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода яке аз аввалинҳо шуда бар зидди коронавирус эм кард. Акс аз шабакаи иҷтимоӣ

Март 23, 2021 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон