Дар Бохтар ба як модари ниёзманд манзили истиқоматӣ тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи ниёзманд Ҳалима Дурманова, ки то имрӯз бо ду фарзанд ва ду набераи маъюбаш дар хонаи иҷора мезист, калиди манзили нави истиқоматиро дар шаҳри Бохтар тақдим намуд. Ин хона аз ду ҳуҷра иборат буда, бо шароити муносиби зист таъмин аст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҳалима Дурманова ягона таъминкунандаи аҳли оила буда, ба поксозии шаҳр машғул аст.
Раиси вилоят аз номи Сарвари давлат ин модарро ба муносибати Рӯзи модар ва соҳиби манзили зист шуданаш шодбош гуфта, барои аҳли оилаи ӯ тансиҳативу шодмонӣ тамано кард.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ба ин оила ҳамчунин кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.








Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид






