Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва 24 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» баргузор карда мешаванд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 марти соли 2021 барои баргузории ин мусобиқаҳо 185 080 (як саду ҳаштоду панҷ ҳазору ҳаштод) сомонӣ бо дарназардошти андозҳо ҷудо гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур масъулини сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати тандурустӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузории як зумра барномаҳои фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 22 марти соли равон дар пойтахт Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Форуми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳр ҷиҳати эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои баргузории Форуми мазкур 427640 (чорсаду бисту ҳафт ҳазору шашсаду чил) сомонӣ ҷудо намуд.
Ҳамзамон аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мегардад.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт ҳамоҳангсози баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» муқаррар карда шудааст.
Фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт доир карда мешавад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






