Дар Душанбе сеюмин Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор дирӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе сеюмин Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар фестивал намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи сайёҳию наврӯзӣ, ки аз ҷониби сокинони пойтахт омода шуда буд, дидан намуданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонону иштирокчиёни фестивалро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам намуда, ҳамагонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.
Фестивали мазкур соли сеюм аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Боиси фараҳмандист, ки фестивали байналмилалии имсола дар доираи татбиқи барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” ва маҳз дар рӯзи баргузории маросими расмии ифтитоҳи эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021” баргузор гардид.
Ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.
Боиси сарбаландии мардуми мамлакат аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст, зеро он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир маҳсуб мегардад.
Дар фасли зебои баҳор, ки табиат эҳё мегардад, мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гашта, шумораи зиёди сайёҳон рағбати дидани ватани аҷдодии Наврӯз -Тоҷикистонро доранд.
Имрӯзҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он баҳри боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бойи қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.
Баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар ва давлатҳои ба мо дӯсту бародар – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

















Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






