Дар Кобул ҷаласаи васеи намояндагони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид

Март 18, 2021 13:32

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон нишасти «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» бо ҳузури сафирону намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда ва мамлакату созмонҳои мададрасон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласаи навбатии идомаи нишастҳои қаблӣ барои ниҳоисозии пешнависи Эъломияи Душанбе буд.

Муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ ҳамчун ҳамраисон маълумоти охирро дар бораи омодагиҳо ба Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки дар Душанбе 29-30 март баргузор хоҳад шуд, ба ҳозирон пешниҳод намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 18, 2021 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид