Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб иди Наврӯз бо суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии зиёда аз 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳи хосса пешвоз гирифтанд. Кӯчаю маҳаллаҳои шаҳрак ба таври идона оро ёфта, бахшида ба ҷашни қадимаи Наврӯз дар ин ҷо маҷлиси тантанавӣ, намоиш ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар намоиш ҳунари волои кадбонуҳо аз тамоми ҷамоаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳо, сӯзаниву маҳсулоти чӯбӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва суратҳои табиати ноҳия ба тамошо гузошта шуда, ҳар маҳал суннатҳои мардумии наврӯзиро бо рақсу тарона намоиш дод. Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода сокинон ва ҷамъомадагонро бо расонидани паёми наврӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона муборакбод намуд.
Ҳамзамон зикр кард, ки Наврӯз ҷашни хуҷастаи миллии мост, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башариву ҷаҳонӣ шуда, имрӯз мо онро дар фазои тантанавӣ бо иштироки тамоми халқу миллатҳои гуногун хурсандона ҷашн мегирем.
Инчунин раиси ноҳия аз суннатҳои наврӯзӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки «нахустин суннати Наврӯз тозагиву озодагист. Сокинон аввал бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай, ки рӯзи нав ва иди аҷдодии мост, хонаҳои худро аз чангу ифлосӣ ва гард тоза мекунанд. Ашёи кӯҳнаву фарсудаву шикаставу нолозимро мепартоянд, то ки бо омадани Наврӯз ҷиҳози хона нав карда шаваду дили одамон аз кина пок гардад. Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо дошта, ба ҳаёти одамон ва табиат вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Наврӯз аз донишу мартабаи пешгузаштагони мо шаҳодат медиҳад».
Маҳфили фарҳангӣ аз суруду рақсҳои наврӯзии мардуми тоҷику қирғиз ва дигар халқу миллат иборат буда, дар он таронаҳои тараннумгари сулҳу ваҳдат ва шукргузорӣ аз истиқлол садо доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






