Дар шаҳри Бӯстон мумфаршкунии кӯчаҳо оғоз шуд

Март 21, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон ба мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон оғоз бахшида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар расми оғози он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.

Раҷаббой Аҳамадзода  зимни суҳбат фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба сокинони шаҳри Бӯстон табрик гуфта, иброз дошт, ки миллати куҳанбунёди тоҷик Наврӯзро бо риояи анъанаву суннатҳо ҳамасола дар рӯҳияи баланд таҷлил намуда, онро чун ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё муаррифӣ намудаанд. Гуфта шуд, ки бо фаро расидани баҳор корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру деҳот тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон илова намуд, ки чун дигар шаҳру навоҳӣ дар Бӯстон низ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодааст ва бо таъсиси иншооти нав ҷойҳои корӣ афзуда, дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва қисман кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш мешавад.

Март 21, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд