Дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Рушди имконоти сайёҳии солимгардонӣ» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Турсунзода дорои табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва чашмаҳои шифобахш буда, дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузорад. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Рушди имконоти сайёҳии солимгардонӣ» дар шаҳри Турсунзода доир гардид. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, соҳибкорон ва шахсони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуданд. Зикр шуд, ки манзараҳои зебо, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбанд. Ҳамзамон дар шаҳр осоишгоҳҳо, марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ мавҷуд буда, онҳо бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ ва хизматрасонии маданию маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълуманд.
Зимни муаррифии имконияти сайёҳии шаҳри Турсунзода гуфта шуд, ки рушди соҳаи сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошад. Имконоти рушди сайёҳӣ дар шаҳр- ин хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор», воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ — табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми кӯҳна»-и дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд. Инчунин дар шаҳр бештар аз 20 адад муассисаҳои истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» фаъолияти густурда доранд. Ҳамзамон имконияти мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кӯли Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа маҳсуб меёбад.
Баъд аз ҳамоиш иштирокчиён аз тарзи хизматрасонии истироҳатгоҳҳои «Ширкент» ва «Куран» бо мақсади пешниҳоди хатсайрҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ аз наздик шинос шуда, аз намоиши имконоти сайёҳии шаҳри Турсунзода дидан намуданд.








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






