ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Муғулистон муайян гардид

Март 18, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронро муайян карданд, ки барои омодагӣ ба бозӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон даъват мешаванд. Сабқати  дастаҳо дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 сурат мегирад. Ба рӯйхат 24 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил ҳастанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби  Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бозии мазкур  рӯзи панҷшанбе, 25 март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст.

Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст. Бояд зикр кард, ки дар мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.

Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат бар зидди дастаи мунтахаби  Муғулистон 19  март дар шаҳри Душанбе оғоз мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозии интихобии ЧҶ-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби  Муғулистон:

Дарвозабонҳо:

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)

Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Ҳимоятгарон:

Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон)

Фарҳод Восиев («Тамбов», Россия)

Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)

Искандар Ҷалилов («Истиқлол»)

Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)

Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Нимҳимоятгарон:

Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)

Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)

Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон)

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)

Ислом Зоиров («Истиқлол»)

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)

Ҳамлагарон:

Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)

Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Ӯзбекистон)

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Рустам Соиров («Истиқлол»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Март 18, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд