Имрӯз дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис оғоз мешавад

Март 15, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис оғоз мегардад. Мусобиқаи мазкур  байни ҷавонону наврасони синни 10-13 ва 14-17 доир шуда, дар он дастаҳо аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд. 

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис аз рӯйи намуди тенниси инфиродӣ, тенниси ҷуфтӣ ва тенниси омехта доир мегардад.

Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонону наврасон чор рӯз идома ёфта, 19 март ҷамъбаст мегардад.

Мақсад аз баргузории  мусобиқаи мазкур тарғиби тарзу ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи теннис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони наврас мебошад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 15, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад