Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Март 24, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз соати 14:00  бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2021» баргузор мегардад.

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок ва байни ҳам  рақобат  мекунанд.

Бояд зикр кард, ки мусобиқаи  аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд. Ғолибони муобиқаро ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки  соли гузашта, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар  Муасиссаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020»  баргузор шуда буд. Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои аз чаҳорсола болои зоти англисӣ аспе  бо лақаби «Шерхон-Дарк» аз Душанбе, ки саворааш Манучеҳр Асомиддинов буд, бо натиҷаи 2 дақиқаю 3 сония пирӯз шуд. Мақоми дуюм низ  бо натиҷаи 2 дақиқаю 5 сония насиби аспе бо лақаби «Паймон», ки Далер Сафаров саворааш буд, гардид. Мақоми сеюмро аспе бо лақаби «Ватан» аз Душанбе,  ки  саворааш Шоҳрух Ятимов буд, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония ишғол кард.

Мавриди  зикр аст, ки дар пойгаи соли гузашта, аспҳои сесолаи зоти ахалтекинӣ (туркманӣ) ба масофаи 1400 метр аспе бо лақаби «Сарбаланд» аз Душанбе, ки саворааш Фирдавс Саломов буд, бо натиҷаи 1 дақиқаю 35 сония ғолиб гардид. Мақоми дуюмро аспе бо лақаби «Тулӯъ» аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки саворааш Бобур Ҷалматов буд, бо натиҷаи 1 дақиқаю 39 сония  сазовор шуд. Мақоми сеюмро аспе бо лақаби «Самарқанд» аз Душанбе, ки саворааш Манучеҳр Асомиддинов буд, бо натиҷаи 1 дақиқаю 43 сония ишғол кард.

Боз дар шаш пойгаи дигар бо аспҳои зоти тоҷикӣ ба масофаҳои 1400, 1800 ва 2000 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд.

Маблағи умумии ҷоизаи  мусобиқаи мазкур  61 ҳазор сомониро ташкил медод, ки  он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардид. Дар ҳар як пойга ба ғолиби ҷои аввал  2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ тақдим гардид.

Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг  ширкат варзиданд.

Март 24, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад