Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷики Комсомоли лаби Амур мулоқот намуд

Март 16, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти роҳбарию дастгириҳои пайвастаи роҳбарони ин ду давлат баробари дигар бахшу соҳаҳо дар соҳаи илму маориф низ сол ба сол густариш меёбад. Таҳсилу илмомӯзӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани малакаи касбии  ҷавонони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби Амур шаҳодати ин гуфтаҳост. Ин матлабро   Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Ятим Давлатхоҷа зимни мулоқот бо Ректори Донишгоҳи  мазкур Эдуард Дмитриев иброз дошта, нисбат ба шароити фароҳамшуда барои донишҷӯёни тоҷик ва дастгириҳои роҳбарияти ин муассисаи олӣ  изҳори сипос намуд.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни ин вохӯрӣ, ки барои аз наздик шинос шудан бо шароити таҳсили донишҷӯёни дар шаҳри Комсомоли лаби Амури кишвари Шарқи Дур қарор дошта сурат гирифт, ҳамчунин мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин  ва муовини ректор оид ба таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби Амур Татяна Навилайко  иштирок намуданд.

“Дар Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби Амур зиёда аз 309 нафар донишҷӯёни тоҷик дар бахшҳои муҳандиси роҳҳои оҳану ҳавоӣ, нақлиёти баҳрӣ, муҳандиси самолётҳо, технологияи мошинсозӣ, барномасози компютерӣ,   иқтисодиёт ва иҷтимоиёт таҳсил мекунанд”,-гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби Амур Эдуард Дмитриев. Мавсуф афзуд, ки  аз донишу ахлоқи неки донишҷӯёни тоҷик қаноатманд мебошад ва пайваста кӯшиш мекунанд барои зиндагиву таҳсили самарабахши онҳо ҳамкории судманд ба роҳ монанд. “Ман бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик чун мардуми бофарҳангу ободкору қадимӣ   хуб шинос ҳастам ва ба он баҳои баланд медиҳам. Бовар дорам, ки ҷавонони тоҷик бо дониш ва касбу ҳунаре, ки дар ин ҷо аз худ мекунанд, метавонанд баҳри пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоранд”,- изҳор дошт  Э.  Дмитриев.

Зимни вохӯрӣ маълум гардид, ки ба донишҷӯён идрорпулӣ дода шуда, онҳо ройгон дар он ҷо таҳсил доранд ва бо хобгоҳ низ таъмин мебошанд. Донишҷӯёне, ки дар хонаҳои иҷора зистан мехоҳанд, ҳар моҳ ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвари Шарқи дур ва Донишгоҳ   10 ҳазор рубл дода мешавад.

Дар идома ҳамчунин вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Я. Давлатхоҷа ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Ш. Нуриддин бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби Амур таҳсил мекунанд, сурат гирифт.

Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар, хусусан Федератсияи Россия ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ,  номи неки миллату ватан, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

-Имрӯзҳо дар натиҷаи ҷаҳду талоши масъулин қисми зиёди ҷавонон аз моҳияти мафҳумҳои Ватан ва ватандӯстӣ бештару хубтар огаҳӣ  пайдо кардаанд, аммо дар баробари ин мушкилоте мавҷуданд, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгон афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ, аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан аз гузаштагони худ аз ҷумлаи роҳҳое мебошанд, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ коҳиш медиҳанд,- гуфт зимни вохӯрӣ Я. Давлатхоҷа.

Зимни мулоқот донишҷӯён Назари Хоҷазода ва Беҳрӯз Табаров доир ба муҳим будани чунин вохӯриҳо, ҷараёни таҳсилу илмомӯзӣ дар донишгоҳ ва нақшаҳои худ барои фаъолият дар Тоҷикистон  ҳамчун мутахассиси соҳа изҳори назар намуданд.

Март 16, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад