«МЕХОҲАМ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШАВАМ!» Дар Душанбе шоҳмотбози 13-сола дар чемпионати шаҳрӣ миёни калонсолон пирӯзӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 22.03.2021 / АМИТ «Ховар» /. Чемпионати Душанбе байни калонсолон аз 21 феврал то 14 марти соли равон баргузор шуд. Дар он зиёда аз 70 нафар шоҳмотбозони ботаҷрибаи пойтахт ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи шоҳмоти ҶТ.
Муборизаи шадид барои қаҳрамонӣ байни мардон, ки дар он 51 нафар ширкат вазиданд, бисёр ҳайратомез ба анҷом расид: Ҷалолиддин Илҳомии 13-сола, аз 9 холи имконпазир 7,5 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқа гардид.
Ин ғалаба имкон фароҳам овард, ки Ҷалолиддин дар чемпионати Тоҷикистон, ки тирамоҳи ҳамин сол барпо мешавад, ширкат намояд. Бояд гуфт, ки ин аввалин ғалабаи шоҳмотбози ҷавон нест: соли 2017 дар мусобиқаи Asian Youth Chess Championship-2017 дар Тошканд бомуваффақият баромад кард. Пас аз ду сол чемпиони шаҳри Душанбе дар байни кӯдакон ва ҷавонон шуд.
Дар мусоҳиба бо хабабрнигорон Ҷалолиддин Илҳомӣ гуфт, ӯ ҳоло намедонад, ки омода аст тамоми ҳаёти худро ба шоҳмот бахшад ё не, аммо ӯ аллакай ҳадафҳои солҳои наздикро муайян кардааст.
«Дар оянда мехоҳам қаҳрамони ҷаҳон шавам. Мехоҳам бо Фаррух Амонатов бозӣ кунам, зеро ӯ ягона гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон аст», — иқтибос меорад суханони ӯро Радиои “Озодӣ”. — Ман аллакай бо Ҳикаро Накамура, ки яке аз панҷ шоҳмотбози беҳтарин аст, бозӣ кардам: дувоздаҳ маротиба ба таври онлайн бозӣ намудам, вале ғолиб наомадаам. Мехоҳам бо ӯ вохӯрам ғалаба кунам”.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Душанбе бо ҳамин миқдор холҳои бадастоварда ҷои дуюмро Меҳриддин Шарифови 17-сола ишғол кард.
Медали биринҷӣ ба калонсолон муяссар нагардид, онро Шаҳром Салимови 19-сола ба даст овард.
Дар мусобиқаи бонувон, ки дар он 22 нафар иштирок карданд, ҳеҷ кас бо қаҳрамон Мутриба Ҳотамӣ муқовимати шоиста нишон дода натавонист. Ӯ аз 9 холи имконпазир 9 имтиёз ба даст овард.
Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Сарвиноз Каримова ва Шукрона Масҳабова ишғол карданд.
Тавре котиби генералии Федератсияи шоҳмоти ҶТ Илҳом Юнусов иброз дошт, чемпионати Душанбе имсол бори аввал тибқи таҷрибаи шаҳрҳои калон баргузор шуд — яъне ширкаткунандагон дар рӯзҳои истироҳат бозӣ карданд. Аз ин рӯ, мусобиқа хеле тӯл кашид.
«Ин бартарии худро низ дорад», — гуфт ӯ. — Рӯзҳои корӣ шоҳмотбозон ба корҳои худ машғуланд — яке мехонад, дигаре кор мекунад. Барои он ки шоҳмотбозонро аз корубори худ дур насозем, қарор додем, ки бозиҳоро рӯзҳои шанбе ва якшанбе гузаронем. Озмоиш бомуваффақият анҷом ёфт».
Хотиррасон мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои чемпионати Душанбе 5 нафар шоҳмотбози беҳтарин байни мардон ва 3 нафар ғолибони мусобиқаҳо миёни занон ҳуқуқи иштирок дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тирамоҳи соли равон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир мешавад, ба даст оварданд.
АКСҲО аз манбаъҳои боз









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






