НАМУНА БАРОИ ИБРАТ. Соҳибкори нафақахӯр барои хонандагони Ҳисор синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бунёд намуд

Март 27, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори нафақахӯр ва маорифпарвар Шодибек Қурбонов дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бинои дуқабатаи иборат аз нуқтаи таъмиру шустушӯйи нақлиёт, нонвойхона ва осиёбро ба маблағи  беш аз ним миллион сомонӣ бунёд намуда, мавриди истифода қарор дод. Ин иқдоми наҷиб дар робита ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ гардид.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста омӯзиши ду-се забони хориҷиро ба наврасон таъкид мекунанд, дар ошёнаи дуюми бино барои забономӯзии фарзандони деҳа синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба истифода дода шуданд.

Дар маросими ба истифода додани ин иншооти ҷашнӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуда, иқдоми маърифатпарваронаи соҳибкорро дар деҳот беҳтарин фазилати инсонӣ, ғамхорӣ ба насли наврас ва ояндаи миллат, мусоидат ба забондонию ҷаҳондонӣ маънидод намуда, аз ҷумлаи олитарин корҳои хайру савоб унвон карданд.

Хонандагони марказҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ бо забонҳои  хориҷӣ дар васфи Ватан, парчам, ваҳдату истиқлол, Наврӯз ва дигар муқаддасот бо ифтихор сухан намуда, миннатдории худро ба Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат, инчунин соҳибкороне, ки чунин шароитро барои забономӯзии онҳо муҳайё намудаанд, баён доштанд.

Дар саҳни иншоот Матлубахон Сатториён бо шахсони муътабари деҳа ва ҳамсоядеҳаҳои Мавлонҷари Болою Мавлонҷари Поён,  Обигарм ва Ғурриёт мулоқот намуда, аз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳадафи чорум эълон намудани саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ва дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доштани сокинону соҳибкорони  ободкори шаҳри Ҳисор сухан гуфт.

Дар масофаи начандон дуртар аз ин иншоот соҳибкори дигари деҳаи Лолагӣ  Хурсандмурод Кенҷаев бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи хӯрокворӣ ва толори варзиширо ба маблағи беш аз 500 000 сомонӣ бунёд намудааст, ки дар пайи ин иқдоми соҳибкор барои сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Мағоза кушоду барҳаво  буда, бо яхдон ва дигар лавозимот барои нигоҳдории маҳсулоти гӯштию ширӣ ва шарбату нӯшокиҳои ташнагишикан тибқи талаботи санитарию стандартӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Инчунин муовини Сарвазири Тоҷикистон ва Раиси шаҳр дар даромадгоҳи деҳаи Лолагӣ ба иншооти бунёднамудаи соҳибкор Абдувалӣ Юсуфов, ки ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дӯконҳои табақтарошӣ, гаҳвораю сандуқсозӣ ва барои бонувони маҳаллӣ коргоҳи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозбофӣ, қуроқдӯзӣ, зочабофӣ ва ба ҳамин монанд ҳунарҳоро роҳандозӣ кардааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Соҳибкор устоҳои маҳаллӣ ва занҳои ҳунарманди деҳаро ба кор даъват карда, барои ҳунаромӯзии ҷавонон ва духтарони деҳаи Лолагӣ ва деҳоти атроф шароити мусоид фароҳам овардааст.

Март 27, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд