«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин ном дар Душанбе Форуми 2-юми байналмилалӣ баргузор мегардад

Март 16, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон гардидани  шаҳри Душанбе дар соли 2021 бо иштироки намояндагони  ИДМ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон барномаи фарҳангӣ  омода ва пешкаши сокинони пойтахт ва меҳмони хориҷӣ гардонида мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи фарҳангӣ санъати асили мардуми тоҷик пурра инъикос гардида, инчунин дастовардҳои шаҳри Душанбе тариқи навор манзури иштирокдорон мешаванд.

Ҳамчунин дар нақша аст, ки иштирокдорони барномаи фарҳангӣ аз боғу гулгаштҳо, Осорхонаи миллӣ  ва мавзеъҳои фарҳангӣ дидан намоянд.

Бояд гуфт, ки 22 март дар робита ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон оид ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Форуми мазкур, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тасдиқ гардид. Тибқи қарори мазкур, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур тадбирҳо андешида истодаанд.

Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имконоти сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз таҷассуми  гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ,   суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринӣ маҳсуб мешавад. Ҷашни байналмилалии Наврӯз  ҳамасола дар саросари  мамлакат тавассути  барномаҳои  идона, доир  намудани  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  баргузории  барномаи  театрӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии мамлакат,  арҷ  гузоштан ба мероси  пурғановати ниёгону  шукргузорӣ аз сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастии кулли  сокинони   мамлакат таҷлил  мешавад.

Имсол ба санае, ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, ёздаҳ сол пур шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки намояндагони кишварҳои мухталиф соли 2019 дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуда буд, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии кишвар, воситаҳои ахбори омма, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Иштирокчиёни Форуми соли 2019 қабл аз оғоз аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда буд, боздид намуданд. Инчунин дар  кори Форум ҳамоишҳои илмиву адабӣ, барномаҳои гуногуни шавқовари фарҳангию фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида буд.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи марти соли 2019 зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз тантанаҳои наврӯзӣ ва баҳори Тоҷикистон баҳра бурданд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 16, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд