«КОХИ НУР»: Иштирокдорони курси бозомӯзии ҲХДТ аз НБО «Роғун» боздид намуданд

Март 5, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз иштирокдорони курси бозомӯзӣ — раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ барои таҷрибаомӯзӣ ба  Кумитаи иҷроияи ибтидоии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба  шаҳри Роғун  сафар намуда,  давоми рӯз аз сохтмони «Кохи нур» дидан карданд.  Дар он муовини Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ,  директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода,  Раиси шаҳри Роғун Музаффар  Сулаймонзода ва ҳофизону шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз инҷониб бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ курси бозомӯзӣ» идома дорад.

Тибқи нақшаи курси мазкур, Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода иброз дошт, ки бо дарназардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян карда буданд. Дар ин роҳи душвору заҳматталаб, вале пуршараф мо марҳила ба марҳила ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем.

Дар сохтмони неругоҳ, ки  99 фоиз кормандони онро шаҳрвандони Тоҷикистон  ташкил мекунанд, шабу рӯз меҳнат менамоянд, то ки зудтар ба истиқлоли энергетикӣ расем. Бояд гуфт, ки сохтмони ҳар неругоҳи барқӣ обӣ дар мамлакат- ин ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Неругоҳҳои барқӣ обӣ — воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншооти барқӣ ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти онро ба хориҷ афзун намояд. Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ин иншооти бузург назир надорад.

Дар ҳамоиш муовини Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ҳамзамон иброз намуд, ки «ин падидаи хуҷаставу хушҳолкунанда мояи ифтихору сарафрозии ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти ин сарзамин аст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҳама самту соҳаҳои ҳаёти миллату мамлакат заминаи боэътимод фароҳам меоварад. Ин рӯйдод дар саҳифаҳои китоби миллат бо ҳарфҳои заррин сабти ҷовидонӣ хоҳад шуд».

Дар фарҷоми вохӯриву суханрониҳо ва боздид аз НБО-и «Роғун» ба иштироккунандагон китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд.

София ШОИК,
Душанбе-Роғун-Душанбе

Март 5, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст