Николай Подгузов: Сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон моҳи апрел оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо масъалаи лоиҳаҳоро дар соҳаи энергетика, логистика, саноат ва дигар соҳаҳо муҳокима кардем, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд», — гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Николай Подгузов афзуд, ки моҳи апрел дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаби нави русӣ оғоз хоҳад шуд. Тибқи нақша, ин мактабҳо бояд то моҳи сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд. Таъкид гардид, ки Созишнома дар бораи бунёди мактабҳо аз ҷониби Россия дар Тоҷикистон дар Москва пас аз музокироти президентҳои ду кишвар — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расида буд.
Ба гуфтаи Николай Подгузов, Президенти Тоҷикистон омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Барои мо муҳим аст, ки ин лоиҳаро дар вақташ ба итмом расонем.
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд






