ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад

Март 12, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 3  дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳо тумани тунук мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, танҳо дар охири рӯз бориши сусти борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  3+5  ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Март 12, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад