ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрнок дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ва жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






