Ғолибони Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии «Муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и (Манеж) шаҳри Душанбе Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он зиёда 42 дастаи волейболи бонувон аз вазорату идораҳо, инчунин шаҳру вилоятҳо ширкат намуданд.
Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъбаст гардид. Натиҷаи мусобиқа чунин аст:
Байни бонувони касбӣ:
Ҷои якум — ВМКБ бо Ҷом, медал, Диплом ва маблағ дар ҳаҷми 16000 ҳазор сомонӣ;
Ҷои дуюм- шаҳри Душанбе-1 медал, Диплом маблағ дар ҳаҷми 13500 сомонӣ;
Ҷои сеюм — вилояти Суғд медал, Диплом маблағ дар ҳаҷми 10500 сомонӣ;
Ҷои чорум- шаҳри Душанбе — 2 , медал, Диплом маблағ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ
Байни бонувони ғайрикасбӣ:
Ҷои 1 — ВКДҶТ — 16000 сомонӣ;
Ҷои 2 — Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷ Т- 13500 сомонӣ;
Ҷои 3 — Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — 10500 сомонӣ;
Ҷои 4 — Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- 5000 сомонӣ.
Дар ҷамъбасти мусобиқа бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ба ғолибони дастаҳои бонувони касбӣ ва ғайрикасбӣ як хел маблағ супорида шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






