Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот намуданд

Март 30, 2021 17:09

ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидии Қитъаи Осиё маҳсуб меёбад ва мо ба бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти пайваста медиҳем.

Дар ин замн, зарурати тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ дар Тоҷикистонро таъкид гардид.

Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки имкониятҳои фаровони ду кишвар дар соҳаи энергетика, бахши кишоварзӣ, нақлиёт, тиб пурратар истифода карда шаванд.

Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC), Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) ва дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати  интиқоли 192 ҳазор воя ваксинаи зидди вируси “Ковид-19” тариқи механизми “Ковакс” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот тақвияти фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, инчунин қазияи Афғонистон муҳокима гардид.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст алоқамандии худро изҳор намуданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар 30.03.2021

Март 30, 2021 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд