Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд

Март 24, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд.

Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Саодат” дар заминаи бинои куҳнаи хонаи маишии “Саодат” таҷдиду навсозӣ шуда, ба иншооти таълимии тиббӣ табдил дода шуд. Бино наздики 30 сол боз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва акнун бо саҳми фарзандони бонангу номуси оилаи Соҳибовҳо ҳамчун Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ба сокинони вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.

Бинои Коллеҷ аз руи як тарҳи муосир барқарор карда шуда, барои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидаст. Иншоот аз 6 ошёна иборат буда, корҳои барқароркунӣ, ободонӣ аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориёносохтмон”-и шаҳри Бохтар дар муҳлати бештар аз 2 моҳ ба сомон расонида шуд. Дар рӯзҳои истиқбол аз Наврӯзи байналмиллалӣ Коллеҷ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун армуғони идонаи наврӯзӣ ба ҷавонони вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълимии Коллеҷи тиббӣ — инноватсионӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ ва сифати амалҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланд вазифадор намуданд.

Президенти мамлакат барои чунин ҳиссагузорӣ дар беҳдошти сиҳатии омма ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаи Соҳибовҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Коллеҷи тиббии инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, 10 ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи информатисонӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Коллеҷ аз руи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад. Қабули довталабон ва кори мунтазами коллеҷи тиббӣ аз мохи июни соли 2021 оғоз гардида, таҳсилот тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки барои омода кардани мутахассисони ҷавобгу ба меъёрҳои муосиртарин фазои илмомӯзӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ, синфхонаи анатомия, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, фароҳам ва ҷиҳозонида шудаст.

Толори маҷлиси коллеҷ хеле зебову барҳаво буда, барои 140 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаст. Дар маҷлисгоҳ ва ё толори лексионӣ тахтаи электронӣ ва дигар васоити таълимии электронӣ таъмин карда шудааст, ки донишҷӯён имкон доранд аз ҳама намуд аёнияти пешрафтаи тибби ҷаҳон бо истифода аз чунин технологияи муосир бархурдор гарданд. Ишора карда шуд, ки сифати таҳсилот бояд ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун боигарии давлат ҳамвора таҳти таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Аз ҳамин хотир бунёди чунин коллеҷи тиббии муосирро дар маркази вилоят аз бисёр чиҳат манфиатбахш ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз гӯшаи гиёҳдармонӣ шинос шуда, дастур доданд, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ истеҳсолоти маводи дорувориро ба донишҷӯён таълим диҳанд.

Дар гӯшаи гиёҳдармонӣ беш аз 20 намуд маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши куҳистон ба маъраз гузошта шуд.

Муассисони Коллеҷ дар баробари бунёди муассисаи таълимӣ саҳни онро бо дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсими зебу зиннат додаанд. Дар ин ҷо наздики 100 адад дарахтони нодири ороишӣ аз давлатҳои хориҷи кишвар шинонида шуда, парвариши беш аз 15 ҳазор гулҳои рангоранг фазои муаттару тароватбахши бинои мазкурро таъмин менамояд.

Барои донишҷӯён нишастгоҳҳои замонавӣ ва дигар иншооти иловагиро фароҳам сохтаанд, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс табибони оянда имкон доранд, аз онҳо истифода намоянд.

Шабона ҳам бинои Коллеҷи тибии инноватсионӣ чароғон карда шудааст, ки ба симои шаҳр ҳусни дигар мебахшад. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуби кандакорӣ омода шудааст.

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар 24.03.2021

Март 24, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ба маблағи 29 миллион сомонӣ иншооти таъйиноти гуногун сохтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Данғара сохтмони 5 муассисаи томактабӣ оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ кӯдакистон ва Маркази фарҳангию фароғатӣ бунёд мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ сохтмони Маркази варзишию солимгардонӣ оғоз ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 307 иншоот ба истифода дода мешавад
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 25 иншооти таълимӣ бо 231 синфхона сохта мешавад