35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст

Март 27, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёди 800 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб зиёда аз 650 иншооти таъйиноти гуногун сохтаву ба истифода дода шудааст. Инчунин, 122 километр роҳи маҳаллӣ таъмир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ медиҳад.

Сохтмони биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла соҳаи маорифу тандурустӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёнаи муосир симои шаҳри Ваҳдатро ба таври шинохтанашаванда дигаргун намудааст. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 сохта, ба истифода дода шуд.

Бинои муассиса дорои 53 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 7 кабинети фаннӣ мебошад. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мегузорад. Муассиса дорои зиёда аз 42 компютери пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет мебошад.

Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхонаи муассисаи таълимӣ бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, аз ҷумла, 1500 китоби дарсӣ барои рушди ҷаҳонбинии хонандагон пешбинӣ гардидааст. Мактаб дорои толори маҷлис бо 426 курсӣ ва ошхона дорои 120 ҷойи нишаст ва ҳавзи нигоҳдории об мебошад.

Дар иншооти наву замонавӣ толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ бо 116 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳнӣ кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ 140 омӯзгор бо кор таъмин гардиданд. Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон тариқи буғхонаи алоҳидаи марказонидашуда бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳр бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» мавриди истифода қарор дода шуд.

Беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардид. Шифохона бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 15 ҳазору 434 метри мураббаъ буда, масоҳати бино 1 ҳазору 554,8 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил аз 2 ошёна иборат буда, дорои 50 кати хоб мебошад. Дар ин ҷо барои ташхису табобат имконияти васеъ фароҳам гардида, бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи шароит муҳайё шудааст. Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд.

Бо мақсади дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин намудани иншоот бо гармӣ ва бо мақсади сарфаи неруи барқ дар боми бинои навбунёд 36 адад геоколектор-обгармкунакҳои офтобӣ насб карда шуданд. Илова бар ин, дар беморхона 3 дегхонаи барқии 60-киловатта амал мекунад, ки дар ҳолатҳои нарасидани иқтидори обгармкунакҳои офтобӣ ба таври худкор ба кор медарояд. Системаи ҳавотозакунӣ низ дар боми иншоот гузошта шудааст ва он имкон медиҳад ҳавои дохили муассиса ба таври доимӣ тоза нигоҳ дошта шавад.

Бо ташаббусу дастгириҳои мақомоти дахлдор, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳри Ваҳдат дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ вусъат меёбанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд