Тоҷикистон ва Франсия имконоти мавҷударо дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ самаранок истифода менамоянд

Март 31, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 31.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Франсия  дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мишел Тарран дар Душанбе матраҳ гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.

Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳоло ҳам иқтидори пурраи  ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта, аз ҷумла истеҳсоли ашёи хом, ресандагӣ, матоъҳо, либосҳо, ҳамзамон рушди ҳамкорӣ дар самтҳои истихроҷ, коркард ва содироти сангҳои қиматбаҳо ё нимқиматбаҳо, санги бинокорӣ ва дигар намудҳои ашёи хоми минералӣ, инчунин дар соҳаҳои гидроэнергетика, парвариши ангур, шаробсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ мусоҳибон омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда изҳор намуданд.

Март 31, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид