Вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода сокинони Ишкошимро ба ободкорию хуррамгардонӣ даъват намуд

Март 17, 2021 10:52

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон имрӯзҳо дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Эътимоди комил дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ишкошим бо дарку масъулияти баланди хештаншиносӣ ва ифтихор аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истода ва  ободониву шукуфоии мамлакат саҳми намоён мегузоранд.

Ин матлабро  вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияи Ишкошим баён дошт.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров  Азиз Гиёзода   бо аҳолии ин ҷамоат, сипас бо кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ноҳия мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ Азиз Гиёзода оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, ба ҳозирин баҳри иҷрои дастур ва супоришҳое, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим дарҷ ёфтаанд, тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуд.

Март 17, 2021 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид