Ёздаҳ варзишгари маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия- 2021 иштирок мекунанд

Март 31, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6  то 9  апрел дар шаҳри Бишкеки кишвари Қирғизистон «Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021» доир мегардад,  ки дар он 11 варзишгари шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (8 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ  Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё муаррифӣ мекунад.

Ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:

 

 Вазн:  Иштирокчӣ:
 -48кг  Шукрона Карчиева
 -52кг  Аҳлия Мӯъминова
 -52 кг  Фазилат Гулбоева
 -60 кг  Шаҳбоз Саидабуроров
 -73 кг  Сомон Маҳмадбеков
 -81кг  Акмал Муродов
 -81кг  Ҳақназар Назаров
 -90 кг  Комроншоҳ Устопириён
 -90 кг  Ҷаҳонгир Маҷидов
 +100 кг  Темур Раҳимов
 +100кг  Хуршед Маҷидов

Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг;    Мардон: -60, -66 кг

Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг;   Мардон: -73, -81 кг

Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг;   Мардон: -90, -100, +100 кг

Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)

Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.

Март 31, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад