Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо иштирок мекунанд

Март 4, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26  март дар шаҳри Москва ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо   баргузор мешавад, ки  дар он  11 самбочии тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши  самбои  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин  мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.

Март 4, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд