Занони собиқадори шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуданд

Март 6, 2021 10:39

ХУҶАНД, 06.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд чанд нафар занон, бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр аёдат карда шуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дирӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба манзили чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба Бибифайзӣ Қодироваи 95-сола, собиқадори меҳнат, ки тӯли 20 сол раиси Шӯрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмоноваи 90-сола,  собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Манзура Бобоҷоноваи 80-сола,  собиқадори меҳнат, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Муҳаррам Азимоваи 77-сола  ва чанд нафари дигар рафта, онҳоро аёдат намуда, бо иди занону модарон табрик намуданд.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо занону модарони тоҷик бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар тарбияи насли наврас, фаҳмонидани рукнҳои асосии оиладорӣ, ба низом даровардани расму оинҳои халқӣ,  пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд. Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии мамлакат намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.

Март 6, 2021 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид