17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони мазкур 493 049 (чорсаду наваду се ҳазору чилунуҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе соати 09:00 оғоз ёфта, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки онро мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд.
«Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки он шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми баланд дошта, ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур шомил карда шудааст. Дар мусобиқаи мазкур ҳамасола беҳтарин варзишгарони қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд. Барои иштирок дар ин мусобиқа ҳар сол одатан варзишгарон аз Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Канада, Франсия, Кения ва дигар кишварҳои олам ба Душанбе меоянд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






