190 килограмм маводи озуқавории пастсифат дар бозори марказии Хоруғ аз муомилот гирифта шуд
ХОРУҒ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни санҷиши навбатии бозори марказии шаҳри Хоруғ 190 килограмм маводи озуқавории пастсифат барои кӯдаконро аз муомилот берун карданд.
Мутахассиси ин марказ Мастибегим Зайдуллоева ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «давоми чанд соли охир мутахассисони маркази мо ба сифати маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозори марказии шаҳр аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳарчанд ки солҳои охир маҳсулоти пастсифат ба бозори марказӣ кам ворид мешавад, аммо ҳанӯз ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки ба хотири тавсеаи тиҷорати худ баъзан пинҳонӣ ва баъзан ошкоро ба фурӯши чунин маҳсулоти ба ҷисми инсон хатарнок машғул мешаванд. Соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз бозори мазкур маҳсулот харида, дар маҳали истиқомати худ ба фурӯш мегузоранд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин маҳсулоти пастсифат, ки ба саломатии инсон гоҳо зуд ва баъзан пас аз чанд моҳ зарари ҷиддӣ мерасонанд, чунин санҷишҳо баргузор мегарданд».
Зикр шуд, ки давоми соли гузашта дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳоди назоратӣ зиёда аз якуним тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба меъёрҳои савдо ҷавобгӯ набуда, муҳлаташон низ гузашта буд, аз дӯкону мағозаҳои бозор мусодира ва дар ҳузури комиссияи махсус нобуд карда шуданд. 800 килограмми ин маҳсулотро намаки бейод ташкил дод, ки пас аз мусодира он ба Корхонаи давлатии манзилию коммуналӣ супурда шуд.
Мутобиқи маълумоти Маркази эндокринологии вилоят, назар ба чанд соли пеш сатҳи бемории ҷоғар, ки асосан дар натиҷаи пайваста истеъмол кардани намаки бейод дар вуҷуди инсон пайдо мешавад, ду баробар коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам нигаронкунанда мебошад. Ҳоло даҳ ҳазор нафар сокинони вилоят ба ин беморӣ мубтало мебошанд. Яке аз тадбирҳои муассири коҳиш додани бемории мазкур- ин манъи фурӯши намаки бейод дар тамоми дӯкону мағоза ва бозорҳои вилоят аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






