МУЖДАИ УМЕДВОРКУНАНДА. Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъ дар марзро баррасӣ намуданд

Апрель 30, 2021 17:55

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аҳаммияти хоссаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида равона шуданд, таъкид гардид.

Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1-уми май ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро оид ба  делимитсия ва демаркатсия дар шаҳри Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.

Роҳбари давлати мо аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварданд.

Даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд.

Муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои суҳбат ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас тибқи тамоми ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд  ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд.

Апрель 30, 2021 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон