Бар асари ҳамла бо истифодаи мошин-бомба дар Ҳироти Афғонистон ду нафар аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта шуданд

Апрель 20, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Волии Ҳироти Афғонистон мегӯяд, ки дар натиҷаи ҳамлаи «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) ду тан аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Волии Ҳирот Сайид Воҳид Қатолӣ имрӯз (сешанбе, 20 апрел) гуфт, ки «Толибон» нимаи шаби гузашта ба вулусволии Ғуриёни ин вилоят ҳамла карданд ва мошин — бомбаи онҳо дар наздикии идораи фармондеҳии полис ва постгоҳи неруҳои хезиши мардумӣ тарконида шуд.

Вай афзуд, ки дар ин ҳамлаи «Толибон» ду тан аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Инчунин вай қайд кард, ки неруҳои амниятӣ муваффақ шуданд, ки  мошин — бомбаи «Толибон»-ро пеш аз расидан ба фармондеҳии полиси Ғуриён нобуд кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, задухӯрд миёни неруҳои амниятӣ ва «Толибон» чанд соат тӯл кашид ва дар ниҳоят пас аз расидани неруҳои кумакӣ ҷангҷуёни ин гурӯҳ водор ба ақибнишинӣ шуданд.

Қатолӣ таъкид кард, ки дар ин набардҳо шуморе аз ҷангиёни «Толибон» кушта ва захмӣ шудаанд, аммо омори дақиқи талафоти онҳоро нагуфт.

«Толибон» то ҳанӯз дар бораи ин ҳамла чизе нагуфтаанд.

Апрель 20, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд