Бар асари ҳамла бо истифодаи мошин-бомба дар Ҳироти Афғонистон ду нафар аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Волии Ҳироти Афғонистон мегӯяд, ки дар натиҷаи ҳамлаи «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) ду тан аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Волии Ҳирот Сайид Воҳид Қатолӣ имрӯз (сешанбе, 20 апрел) гуфт, ки «Толибон» нимаи шаби гузашта ба вулусволии Ғуриёни ин вилоят ҳамла карданд ва мошин — бомбаи онҳо дар наздикии идораи фармондеҳии полис ва постгоҳи неруҳои хезиши мардумӣ тарконида шуд.
Вай афзуд, ки дар ин ҳамлаи «Толибон» ду тан аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.
Инчунин вай қайд кард, ки неруҳои амниятӣ муваффақ шуданд, ки мошин — бомбаи «Толибон»-ро пеш аз расидан ба фармондеҳии полиси Ғуриён нобуд кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, задухӯрд миёни неруҳои амниятӣ ва «Толибон» чанд соат тӯл кашид ва дар ниҳоят пас аз расидани неруҳои кумакӣ ҷангҷуёни ин гурӯҳ водор ба ақибнишинӣ шуданд.
Қатолӣ таъкид кард, ки дар ин набардҳо шуморе аз ҷангиёни «Толибон» кушта ва захмӣ шудаанд, аммо омори дақиқи талафоти онҳоро нагуфт.
«Толибон» то ҳанӯз дар бораи ин ҳамла чизе нагуфтаанд.