Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати қарибулвуқӯи Осиё оид ба бокс на дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, балки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Чемпионати мазкур 21 май оғоз ёфта, то 1 июн идома меёбад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар иштирок мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Роҳбарияти Конфедератсияи бокси Осиё вазъиятро дар робита ба пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон зери назар дошта, тасмим гирифтанд, ки мусобиқа дар шаҳри Дубай гузаронида шавад. «Маъмурияти Конфедератсияи бокси Осиё ва роҳбарияти созмон омодаанд ба ҳар дастае, ки дар бақайдгирӣ ва ҳар масъалаи дигар ба дастгирӣ ниёз доранд, кумак кунад»,-омадааст дар изҳороти ин созмон. Қоидаву шароити иштирок дар чемпионат ҳамон таврест, ки дар роҳнамои ҳайати дастаҳо, ки аввали моҳи март ба федератсияҳои миллӣ дастрас шуда буд, зикр гардидааст. Муштзанҳое, ки давоми солҳои 1980 то 2002 таваллуд шудаанд, метавонанд дар чемпионат ширкат намоянд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни бонувон: (48кг; 51кг; 54кг; 57кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; +81кг) ва 10 категорияи вазнӣ миёни мардон: (49кг; 52кг; 56кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; 91кг; +91кг) сурат мегирад.
Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-51кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
-69кг – Нилуфар Бобоёрова
Мардон
-52кг – Иззатулло Алиев
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Сомон Ҳабибов
-64кг – Баҳодур Усмонов
-69кг – Саидикром Амонов
-75кг – Мирзомуҳаммад Бахтиёр
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпӣ ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.








Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд






