Дар Бонки миллӣ тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар Бонки миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Маросими муаррифии санади мазкур бо ташаббуси Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилоти суғуртавии кишвар доир гардида, дар он ба иштироккунандагон тарзи пешниҳоди ҳисобот тибқи талаботи тартиби мазкур омӯзонида шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тартиб бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2020 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Ҳуҷҷати мазкур дар низоми суғурта аввалин бор таҳия шуда, минбаъд раванди ҳаракати сармояи худии ташкилоти суғуртавиро дар бозори суғурта тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим медарорад.
Ин санад бо мақсади таъмини сатҳи ҷоизи пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилоти суғуртавӣ таҳия гардида, минбаъд он ба ҷобаҷогузории дурусти дороиҳо, пешгирии хароҷоти беасос ва шустушӯи пул тавассути ташкилоти суғуртавӣ, зиёд гардидани сармоягузориҳои низоми суғурта дар бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ ва дар ин замина зиёд намудани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.
Аксҳо аз БМТ








ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд






