Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ҳадаф ва мақсади ҷаласаи мазкурро шарҳ дод.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар идомаи ҷаласа иштирокчиён масъалаи истеъмоли ғайритиббии маводи нашъадор дар кишварҳои узви СААД, мушкилоти пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд, ҳамоҳангсозии ҳамкории мутақобила ва ташкил намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба назорати маводи нашъадор, ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа мубодилаи таҷриба ва усулҳои пешгирии истеъмоли моддаҳои рӯҳтаъсир ва пешгирии ноҷӯриҳои вобаста ба маводи нашъадор доир гардида, се самти асосии ташкил намудани чорабиниҳои пешгирикунанда ба қисмҳо ҷудо карда шуданд.
Инчунин масъалаҳои татбиқи Стратегияи зиддинашъамандии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025 муҳокима гардид.
Қаблан меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ»» дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи ҳамоҳангсозии сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД соли 2013 бо Қарори Кумитаи котиботи Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъсис ёфтааст.








Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






