Дар Душанбе «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд

Апрель 27, 2021 15:08

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» -ро ба тариқи рӯнамо муаррифӣ намуд. Инчунин доир ба ҳадафу афзалият, тадбирҳо, дурнамо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ маълумот дода шуд.

Дар ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Парлумон, доираи васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳо, олимону коршиносон иштирок намуда, доир ба барнома ва аҳамияти татбиқи он табодули назар намуданд.

Дар интиҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баҳои баланд доданд.

   АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Апрель 27, 2021 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд