Дар Душанбе Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Аминҷон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи пойтахт ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Аминҷон» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар кушодашавии Маркази мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, соҳибкорон ва намояндагони масъули сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Аминҷон» бо тарҳи муосир бунёд гардида, он аз сартарошхона, кошонаи ҳусн, маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Бинои марказ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва тарҳи хос бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ташкил шуда, ошёнаи дуюм аз сартарошхона ва кошонаи ҳусн иборат мебошад, ки дар он шароити зарурии хизматрасонӣ барои муштариён фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Маркази хизматрасонӣ 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар оянда масъулини Маркази хизматрасонӣ тасмим гирифтаанд, ки бо зиёд намудани фаъолияти дигар бахшҳои марказ шумораи ҷойҳои кориро бештар намоянд»,-афзуд манбаъ.
Намуди зоҳирии иншооти мазкур бо тарҳи зебо ва мунаққаш сохта шуда, ба ҳусни ин мавзеи пойтахт шукуҳи тоза замъ намудааст.

Бо пайгирӣ аз ташаббусҳои созандагиву бунёдкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадисо Аҳмадов саҳну атрофи муассисаро бо шинонидани дарахтони ороишӣ ва бунёди майсазорон сарсабзу хуррам намуда, ба як гулгашти зебо табдил доддааст. Илова бар ин роҳи канори маркази хизматрасонӣ, ки кӯчаи Маяковскийро ба дохили шаҳраки 33 –и пойтахт мепайвандад, мумфарш гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои сохтмонӣ ва ободкорӣ дар 4 ноҳияи пойтахт бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта, дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр марказҳои хизматрасонии муосир сохта ба истифода дода мешаванд.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






