Дар Душанбе масъалаи вусъат бахшидани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе оид ба масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия дар соҳаҳои иқтисод, молия, андозбандӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ин масоил зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ хусусан ба ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои дорои афзалият изҳор намуданд.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






