Дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Қирғизистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбеков мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон ёддошт супорид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз амалҳои ғайриқонунии намояндагони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон нисбат ба ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар минтақаи Кулики Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара изҳори нигаронии амиқ кардааст.
М.Ҳусейнзода ғайри қобили қабул будани чунин амалҳои ғайриқонуниро, ки сабаби ташаннуҷ дар минтақаи наздимарзӣ гардидаанд, изҳор намуд. Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон даъват кард, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи он ба ҷониби Тоҷикистон хабар диҳанд.
Муовини вазир иброз намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷонибдори рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Қирғизистон дар шароити сулҳ, субот ва эҳтироми тарафайн дар асоси анъанаҳо ва арзишҳои муштараки маънавию фарҳангии ду халқи бародар мебошад.
ДАР АКС: бинои ВКХ ҶТ








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






