Дар Хинҷони Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи «Толибон» ҳафт нафар намозгузорон кушта шуданд

Апрель 30, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Бағлони Афғонистон ба рӯзномаи «8-и субҳ» иттилоъ додааст, ки «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) ҳафт намозгузорро дар вулусволии Хинҷони вилоят тирборон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “8 Субҳ” 8am.af.

Ин ҳодиса шаби панҷшанбеи 29 апрел дар дараи Валиёни вулусволии Хинҷони вилояти Бағлон рух додааст.

Сухангӯи полиси Бағлон Аҳмад Ҷовид Башорат ба рӯзномаи «8 субҳ» гуфт, ки ҳафт намозгузор, ки барои адои намози таровеҳ дар масҷид ҷамъ омада буданд, аз ҷониби ҷангҷӯёни «Толибон» кушта шуданд.

Тибқи гуфтаи Башорат, дар байни қурбониён ду кӯдак низ буданд ва онҳо ҳангоми баромадан аз масҷид ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён қарор гирифтанд.

Сухангӯи полиси Бағлон илова кардааст, ки дар натиҷаи задухӯрд бо кормандони полис аз ҷумлаи муҳоҷимон ду тан кушта ва се нафари дигари онҳо маҷрӯҳ ва фирор кардаанд.

Баъзе манбаъҳо хабар додаанд, ки ҳамаи қурбониён аъзои як оила ва хешовандони як корманди полис будаанд.

Пеш аз ин дар вилоятҳои Лағмон ва Нангарҳор низ дар рӯйдодҳои мушобеҳ одамони осоишта ҳангоми адои намози таровеҳ кушта шуда буданд.

Апрель 30, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд