Дар Озмуни шаҳрии «Сайри гули лола» Боғи ба номи Аҳмади Дониши пойтахт «Боғи беҳтарин» дониста шуд

Апрель 5, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе ҷамъбасти  озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» аз рӯи чор номинатсия баргузор гардид. Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар номинаи «Боғи беҳтарин» ҷойи 1-умро Боғи ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, зинаи  2-юмро Боғи Устод Рӯдакӣ ва «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ва мақоми  3-юмро Муассисаи давлатии «Боғи ботаникии Тоҷикистон» ва Боғи Куруши Кабир соҳиб гардиданд. Дар номинаи «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатии ноҳияи Фирдавсӣ зинаи аввал, гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур ҷойи  дуюм ва гулгашти кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинаи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» — кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ҷойи аввал, кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино мақоми  дуввум, хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зинаи   сеюмро касб намуданд.

Инчунин дар номинаи «Гулпарвари беҳтарин» ҷойи аввал ба муовини директори Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» Гулнигор Ғаффорова, мақоми  2-юм ба муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» Шариф Шеров ва зинаи сеюм ба Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Таманно Абдуллозода сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин дар озмуни имсолаи шаҳрӣ доир ба эълон шудани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021» барнома доир гардид.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони  вазорату кумитаҳо иштирок карданд. Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар боғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва китоб баргузор шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Барои муайян намудани ғолибони озмун ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номина 88 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир шуд.

Апрель 5, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд