Дар Тоҷикистон шанбе Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ эълон шудааст. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз соли 2014 инҷониб таҷлил шуда, мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш ба хотири сулҳу субот мебошад.
Варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносӣ, муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи дунё буда, варзишгарон беҳтарин муаррифу номбардор ва парчамбардорони ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Имрўз тамоми мардуми мамлакат аз пирўзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.
Тавре муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Ҳукумати Тоҷикистон варзишро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Бино ба зикри мавсуф, ба хотири рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим тайи чанд соли охир дар мамлакат рӯзҳои шанбе – Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ эълон шудаанд. Дар ин рӯз хонандагони мактабҳо, донишҷӯён, варзишгарон, коргарону роҳбарони вазорату идораҳо, сокинону нафақахӯрон- хуллас қисми зиёди мардум аз субҳи барвақт ба варзишгоҳу толорҳо ва майдончаҳои назди биноҳои истиқоматӣ баромада, ба варзиш машғул мешаванд. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки варзиш на танҳо воситаи солимгардонӣ, балки қосиди сулҳу дӯстӣ низ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки соли гузашта 232 нафар варзишгарони тоҷик бо назардошти вазъияти пандемияи коронавирус дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 124 медал ворид намуданд.
«Агар дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал (113 медали тилло, 9 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин рақам ба 5743 адад (1797 медали тилло, 1507 медали нуқра ва 2439 медали биринҷӣ) расидааст»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соли 2020 баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар доираи ваколатҳои худ якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат беш аз 10 ҳазору 220 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки ба инҳо 122 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1829 толорҳои варзишӣ, 96 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмаа ва 807 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ дохил мешаванд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
Аксҳо аз манбаъҳои боз









Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






