Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тайланд бозиҳои дӯстона доир менамояд
ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои миллии Япония ва Мянма дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи май бо дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тайланд бозиҳои дӯстона доир менамояд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тоҷикистон 24 май дар Варзишгоҳи байналмилалии Басраи Ироқ баргузор мешавад. Бозии дигари шогирдони Усмон Тошев ба муқобили дастаи мунтахаби футболи Тайланд 29 май дар Дубай (АМА) сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар ду даври боқимондаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) вомехӯрад. Мавриди зикр аст, ки бозиҳои марказонидашудаи гурӯҳи «F» дар Япония доир мегарданд.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






