Доир ба фаъолияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи пандемияи COVID-19 машварати онлайнӣ доир гардид

Апрель 10, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо вобаста ба фаъолияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи пандемияи COVID-19 машварати онлайнӣ доир гардид. Дар машварати мазкур директори Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо Ҳанс Клюге, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндагони вазоратҳои тандурустии якчанд кишварҳо иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни машварати маҷозӣ иштирокчиён доир ба саҳми кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ва доир ба самтҳои дигари фаъолияти соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз саҳми кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарии мамлакат дар самти пешгирии бемории коронавирус ёдовар шуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва тибқи тавсияҳои СУТ дар давраи пандемияи COVID-19 хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитариро дар мадди аввал қарор дод.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани гардишҳои хонагӣ, сари вақт дарёфт намудани гумонбарон ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 имкон дод, ки ҳарчи зудтар ин беморӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёбад.

Зикр гардид, ки сарфи назар аз ба эътидол омадани вазъи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ва бо назардошти вазъи кишварҳои ҳамсоя, тамоми иншооти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар мамлакат шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар идомаи машварати маҷозӣ иштирокчиён оид ба баланд бардоштани иқтидори хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва густариш додани ҳамкорӣ дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Акс аз Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 10, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд