Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҷалби муҳассилин ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020» эълон намуд

Апрель 21, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ-2020» эълон намудааст, Барои ғолибони ҷои якум 2000 сомонӣ, ҷои дуюм 1500 сомонӣ ва ҷои сеюм 1000 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, анҷоми қабули дархостҳо то  30 апрел буда, ҷамъбасти озмун 31 май дар назар аст.

Озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ-2020» бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию таълимӣ ва амалии хонандагони литсей, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва аспирантони ДМТ, ки хусусияти инноватсионӣ доранд, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани иқтидори ДМТ, инчунин ҷалб намудани муҳассилини донишгоҳ ба ҳалли масоили рушди илмиву таълимӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ба озмун корҳои инноватсионӣ аз рӯи самтҳои зерин қабул карда мешаванд: маҳсулоти инноватсинӣ (шакл, таъйиноти аслӣ, иловагӣ, функсионалӣ ва монанди инҳо), равандҳои инноватсионӣ (содагардонии истифодаи технологияи муосир, рушди рақобатпазирӣ, кам кардани хароҷоти молиявӣ ва монанди инҳо), инноватсияи иҷтимоӣ (беҳтаргардонии шароити зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди мустақилияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ ва монанди инҳо).

Иштирокчиёни озмун метавонанд аз имконияти Маркази инноватсионии ДМТ истифода намуда, натиҷаи корҳои инноватсионии худро таҷриба намоянд.

Корҳои инноватсионии муҳассилин (на бештар аз як кор аз ҳар  иштирокчӣ) бояд зери роҳбарии куратори лоиҳа, ки аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ вобаста шудааст, иҷро шаванд. Кураторон барои инъикоси мазмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, навоварӣ ва барасмиятдарории техникии лоиҳа масъуланд. Лоиҳаи донишҷӯёне, ки куратор надоранд, берун аз озмун пешниҳод карда мешавад. Ғолибони лоиҳаҳои ғайриозмунӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Акс аз манбаъҳи боз

Апрель 21, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд