Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов барои медали биринҷии Чемпионати Осиё-Океания талош меварзанд
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз-дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, ду паҳлавони маъруфи тоҷик — Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба сабқатҳо шурӯъ карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври аввали рақобатҳои Темур варзишгари кишвари Ҳиндустон — Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼-ниҳоӣ Темур Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Темур бо варзишгари ошно Хисаёши Харасаваи японӣ, ки дар даври ¼-ниҳоии мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург»-и Анталия шикаст хӯрда буд, боз дучори нокомӣ шуд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темурро мебояд, ки варзишгари қазоқ Кажибаев Ерасилиро мағлуб намояд.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи сеюми мусобиқа дар даври аввал бо паҳлавони туркман — Шатлик Тораев қувва санҷид. Дар ин дидор Комроншоҳ Устопириён бо гирифтани ду «ваза-ари» ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар даври дуюм Устопириён бо Бозбаев Ислом Қазоқистон набард кард. Дар ин сабқат Комроншоҳ Устопириён комёб шуда, ба даври ½—финал роҳ ёфт. Ҳамин тавр дар даври ½- ниҳоӣ Комроншоҳ бо ду карат барандаи нишони тиллои «Тоскулоҳи бузург» варзишгари японӣ — Сёитиро Мукай рақобат намуда, аз ӯ шикаст хӯрд. Ҳоло Комроншоҳ барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ бо Бу Ҳебилиги чинӣ мубориза мебарад.
Инчунин дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, ду паҳлавони сангинвазни тоҷик Мансур Раҳмон -100кг ва Хуршед Маҷидов +100кг ба рақобатҳо шурӯъ карданд. Мансур Раҳмон дар даври аввал аз намояндаи Австралия — Кайхан Озчичека-Такаги дучори бохт шуда, аз идомаи бозиҳо маҳрум монд. Хуршед Маҷидов низ дар даври нахуст аз Алишер Юсупови ӯзбек мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш ғолиб омада, дар финал аз қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра гардид. Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳои паҳлавонони дигари тоҷик, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов аз паҳлавони эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳои Чемпионати Осиё-Океания маҳрум шуд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






